ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 8:27 | 18 сентябр

Ҷашнҳои Тоҷикистон ба феҳристи ёдбуди ЮНЕСКО дароварда шуд

Дата: 19:22, 23-11-2015.

Душанбе. 23 ноябр. ТоҷикТА – Ҷашнҳои Тоҷикистон ба феҳристи ёдбуди Созмони милали муттаҳид (СММ) дар умури омӯзиш, уълум ва фарҳанг (ЮНЕСКО-The United Nations Educational, Scientific and Cultural Organization)  дароварда шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Бинобар иттилоъи ВУХ ҶТ, ба феҳристи ҷашнҳои ёдбуди ЮНЕСКО дар солҳои 2016-2017 пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди таҷлили 1250-умин солгарди Ҳакими Тирмизӣ, донишманд ва муафаккири тоҷик, 100-солагии Ғаффор Валаматзода, бунёнгузори ҳунари рақсороии тоҷик, коргардон ва таҳиякунандаи опера ва рақсҳои тоҷик ва пешниҳоди муштараки Тоҷикистон ва Ирон дар мавриди таҷлили 1150-умин солгарди Закариёи Розӣ, донишманд ва файласуфи бузург дохил карда шуд.
Ба асоси муқаррарот, ЮНЕСКО дар таҷлили ҷашнҳои ёдбуд, ки шомили феҳристи ин созмон шудаанд, ба сурати фаъол ҳузур хоҳад дошт.
Ҳамчунин, ба асоси муқаррароти ЮНЕСКО, кишварҳои уъзви ин созмон ҳаққ доранд, ки ҷашнҳои ёдбуди кишвари худро барои шомил кардан ба феҳристи ҷашнҳои ёдбуди ЮНЕСКО пешниҳод кунанд.
Ҳамойиши уъмумии ЮНЕСКО пас аз баррасии асноди ироашуда дар мавриди ҷашнҳои ёдбуд, дар бораи вуруди онҳо ба феҳристи ҷашнҳои ёдбуди созмон, тасмим мегирад.

Поделиться новостью: