ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 15:23 | 13 ноябр

600 бонуи моҳири Суғд дар марокизи тавлиди матоъҳои суннатии тоҷик истихдом мешаванд

Дата: 15:07, 22-10-2015.


Душанбе. 22 октябр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Дар шимоли Тоҷикистон 80 маркази тавлиди матоъҳои (порчаҳо) суннатии тоҷикон – атлас ва адрас иҷод шудааст, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Бинобар иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳури ҶТ, дар Кохи Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҷашнвораи атлас ва адраси тоҷикӣ баргузор гардид, ки дар он рӯзи гузашта раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар поёни сафари кории худ ба ин вилоят, ҳузур дошт.
Ба гуфтаи Раҳмон, дар қаламрави вилоят дар ҳоли ҳозир 80 маркази тавлиди атлас ва адрас иҷод шуда ва то поёни соли ҷорӣ, теъдоди чунин марокиз то 150 хоҳад расид.
Марказҳои тавлидии Суғд зарфияти ба кору шуғл ва дастмузду даромад таъмин кардани 600 бонуи гулдасти атласу адрасбофи тоҷикро доранд.
Раҳмон кору заҳамоти бонувони гулдасти Суғдро бисёр оълӣ арзёбӣ кард ва ба барандагони ҷашнвора ҷоизапулиҳо эъто намуд.

Поделиться новостью: