ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 11:42 | 16 октябр

170 низомии фаронсавии мутаъаллиқ ба нерӯҳои НАТО фурӯдгоҳи Душанберо тарк карданд

Дата: 14:17, 30-10-2014.


Душанбе. 30 октябр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. 170 тан аз низомиёни фаронсавии мутаъаллиқ ба нерӯҳои паймони НАТО фурӯдгоҳи Душанберо тарк карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Бино бар иттилоъи Маҳмадюсуф Шодиев, сухангӯи фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе (ФБД), гурӯҳи 170 нафарии афсарон ва сарбозони низомии Фаронса мустақар дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе пас аз 12 сол, пойтахти Тоҷикистонро тарк карданд. Тазаккур медиҳем, ки таи ин солҳо теъдоди маъдуди низомиёни фаронсавӣ ба уънвони воҳиди ёрирасони нерӯҳои НАТО, ки аз моҳи сентябри соли 2001 дар Афғонистон аъмал мекунанд, дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе мустақар буданд.  
Ба гуфтаи вай, қаблан низомиёни фаронсавӣ ҳамаи таҷҳизоти фаннӣ ва лавозимоти низомии худро аз фурӯдгоҳи Душанбе бурда буданд.

Поделиться новостью: