ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 4:12 | 19 август

Варзишкори гурзандози тоҷик Дилшод Назаров савумин бор қаҳрамони Осиё шуд

Дата: 19:28, 04-06-2015.


Душанбе. 4 июн. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Дилшод Назаров, варзишкори номовари тоҷик дар партоби чакуш (гурзандозӣ) боз ҳам уънвони қаҳрамони Осиёро ба даст овард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Бинобар иттилоъи сойти расмии федерасиюни варзиши дав ва майдонии (атлетикаи сабук) Осиё, гурзандози тоҷик Дилшод Назаров бо касби натиҷаи 77,68 метр қаҳрамони Осиё гардид, ки ин мусобиқот имрӯзҳо дар шаҳри Ухани Чин мегузарад.
Гуфта мешавад, ки ҳатто қабл аз оғози мусобиқот варзишкори тоҷикро даъвогари аслии медали тилло мешумурданд. Рақибони вай дар мусобиқоти Осиё, қаҳрамони ҷаҳон миёни наврасон Ашраф Амҷад Ал-Сайфӣ аз Қатар, Ван Шичжу аз Чин ва Қавӣ Мӯсавӣ аз Ирон буданд.
Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров қаблан, солҳои 2009 ва 2013 низ дар мусобиқоти Осиё пирӯз шуда буд ва ин савумин бор аст, ки вай уънвони қаҳрамони Осиёро ба даст овард.
Ахиран Д. Назаров ҳаққи ширкат дар бозиҳои Олимпик-2016 дар Рио-де-Жанейро (Бразилия)-ро ба даст овард ва вай аввалин варзишкор аз миёни аҳли варзиши Тоҷикистон аст, ки ба бозиҳои олимпики соли оянда номзад шуд.
Дилшод 25 май дар мусобиқоти анъанавии ҷаҳонии Ҷоизаи Бузург (Гран-При) -- «Оstrava golden spike» дар Чехия партоба (чакуш, гурз)-ро ба фосилаи 79,36 метр партоб кард, Ин пирӯзӣ барояш роҳҳои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2015, ки 22-30 август дар Пекини Чин мегузарад ва ҳамчунин, бозиҳои Олимпик-2016 дар Рио-де Жанейрои Бразилро ҳамвор кард.

Поделиться новостью: