ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 5:38 | 16 ҷумъа

Тоҷикистон барои афзоиши навъи помирии кажгов $1 млн лозим дорад

Дата: 20:16, 16-11-2015.


Душанбе. 16 ноябр. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Тоҷикистон барои афзоиши теъдоди гунаи нодири кажгови (ғажгов, қӯтос) Помир  ҳудуди 1 миллион сармоягузорӣ лозим дорад, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Бинобар иттилоъи кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амлоки давлатии ҶТ, барои иҷрои тарҳи сармоягузории ҳифозат ва афзоиши теъдоди кажгови муҳитзисти Помир беш аз 992 ҳазор доллар лозим аст..
Ин тарҳ бо давраи бозпардохти 3 сол, барои ҷазби вомҳои эътоӣ шомили сабади сармоягузории ҷумҳурӣ шудааст.
Тарҳ барои ҳифозат ва афзоиши теъдоди навъи помирии кажгов, афзоиши галаи он аз тариқи парвариш дар воҳидҳои домпарварии Тоҷикистон ихтисос ёфтааст.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон аз гӯшт, шир ва пашми кажгов истифода мекунанд.

Поделиться новостью: