ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 4:48 | 19 август

Раисиҷумҳури Тоҷикистон нишону намоди ҷашни Наврӯзро тайид кард

Дата: 18:17, 05-02-2015.


Душанбе. 5 феврал. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран нишон-намоди (рамз) ҷашни бостонии Наврӯзро тайид кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Бинобар иттилоъи дафтари матбуъотии раёсатҷуҳурии ҶТ, ин нишон-намод дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз ҳамчун аъломати ин ҷашни мардумӣ ва ҳамчунин, нишони сина истифода мешавад.
Нишону намоди Наврӯз дорои пасманзари сабз, тасовири парчами миллӣ, хуршед, сабза, дарахтони шугуфон ва кураи замин мебошад, ки рамзи растохези табиъат ва фаро расидани баҳор аст.
Ёдовар мешавем, ки қатъномаи эъломи 21 март ҳамчун рӯзи байналмилалии Наврӯз тавассути Маҷмаъи уъмумии СММ дар соли 2010 тасвиб шуд.
Имсол дар Тоҷикистон таҷлилу тамҷиди ҷашни Наврӯз ба таври уъмда дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд баргузор мешавад.

Поделиться новостью: