Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар корвони ҷашни Душанбе ширкат кард

Дата: 17:22, 20-10-2014.


Душанбе. 20 октябр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар корвони шодӣ (карнавал) ба муносибати ҷашни пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ширкат кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Бино бар иттилоъи дафтари матбуъотии раёсатҷумҳурии ҶТ, Эмомалӣ Раҳмон ахиран дар “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт дар корвони шодии ҷашни 90-умин солгарди пойтахт эълом шудани шаҳри Душанбе ҳузур дошт.
Дар корвони ин ҷашн ҳазорон нафар аз бошандагон ва меҳмонони пойтахт ширкат карданд.
“Наврӯзгоҳ” ва гирду атрофи он орову тазйин дода шуда буд ва барномаҳои ҳунарии гурӯҳҳои мусиқии ҳирфаӣ ва ғайриҳирфаии (дӯстдор) Тоҷикистон ба ҷашни пойтахт ҳусни тоза бахшид.    

Поделиться новостью: