Нерӯҳои заминии вазорати дифоъи Тоҷикистон размоиши барномарезишударо анҷом медиҳанд

Дата: 12:52, 15-10-2014.


Душанбе. 15 октябр. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Нерӯҳои заминии вазорати дифоъи Тоҷикистон дар шимоли кишвар размоишҳои (тамринот) барномарезишударо анҷом медиҳанд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чаҳоршанбе.
Бино бар иттилоъи дафтари матбуъотии вазорати дифоъ ҶТ, размоишҳои барномарезишуда ба ҳадафи беҳбуд ва афзоиши омодагии размии нерӯҳои мусаллаҳи заминӣ сурат мегирад.  
Ба иттилоъи манбаъ, дар размоишгоҳи Нурафшон дар наздикии шаҳри Исфара ва подгони Суғд, беш аз 600 тан аз сарбозон ва афсарони нерӯҳои заминии вазорати дифоъи Тоҷикистон бо беш аз 50 дастгоҳ таҷҳизоти низомӣ машқу тамрин карданд.  
Ба иттилоъи манбаъ, имрӯз охирин марҳилаи размоиш ба поён мерасад.

Поделиться новостью: