ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 19:27 | 12 ноябр

Фаррух Амонатов пас аз 5 даври Ҷоми шоҳмоти Осиёи Марказӣ пешсафи мусобиқа аст

Дата: 14:41, 26-11-2015.


Алмати. 26 ноябр. ТоҷикТА - Насибҷон Амонӣ. Фаррух Амонатов, шатранҷбози машҳури Тоҷикистон, устоди бузурги байналмилалӣ дар ҳамаи панҷ бозии мусобиқаи Ҷоми Осиёи Марказӣ пирӯз ва пешсафи ягона гардид, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Ба вижа, ду бозӣ дар давраҳои чаҳорум ва панҷум барои шатранҷбози тоҷикистонӣ сангин ва ҳалкунанда буд. Зеро ҳарду рақиби ӯ бузургустодони байналмилалӣ -- Ринат Ҷумъабоевм(Қазоқистон) ва Марат Ҷумъаев (Ӯзбакистон) шатранҷбозони шинохтаи минтақа ва довталабони асосӣ барои пирӯзӣ дар ин мусобиқа ба ҳисоб мераванд. Ринат Ҷумъабоев ҳамчунин бо болотарин имтиёз—2599 дар раддабандии ФИДЕ беҳтарин шоҳмотбози ин мусобиқа буд. Вале бо ин ҳама Фаррух Амонатов тавонист, ки ҳар ду рақиби тавонояшро шикаст диҳад. Шоёни зикр аст, ки шатранҷбози тоҷикистонӣ дар рақобат бо Марат Ҷумъаев бо донаҳои сиёҳ бозӣ кард.
Имрӯз шатранҷбози тоҷикистонӣ бо бузургустоди дигари ӯзбакистонӣ Антон Филиппов, ки бо 4,5 имтиёз дар мақоми дуввум қарор дорад, рақобат мекунад.
Илҳом Юнусов дабири кулли федерасиюни шатранҷи Тоҷикистон (ФШТ), ки яке аз доварони ин мусобиқа аст, бовар дорад, ки дар ин давр низ Фаррух ба пирӯзӣ хоҳад расид.
Ба гуфтаи вай, “шатранҷбози мо ҳоло бо пирӯзиҳои пай дар пай дар ҳолати хуби равонӣ қарор дорад ва бар илова ӯ дар ин давр бо донаҳои сафед бозӣ мекунад, ки ин ҳам имконияти ӯро барои пирӯзӣ бештар месозад”.
Вале ду шатранҷбози дигари тоҷикистонӣ Алишер Каримов ва Надежда Антонова, ки донишҷӯёни бахши шатранҷи Донишгоҳи варзиши Маскав ҳастанд, ҳоло натиҷаи хуб ба даст наовардаанд. Алишер дар панҷ бозӣ 2 имтиёз дораду Надежда дар ҳамаи бозиҳо шикаст хӯрд.
Ин мусобиқаи пурнуфуз бо ширкати 76 шатранҷбози кишварҳои Осиёи Марказӣ дар меҳмонхонаи Тиёншони Алмати то 29 ноябр идома хоҳад дошт.

Поделиться новостью: