ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 0:12 | 18 ҷумъа

Дар Тоҷикистон 5 толоб ба конвенсиюни Ромсар шомил карда шуд

Дата: 12:40, 18-11-2015.


Душанбе. 18 ноябр. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Дар Тоҷикистон аз 12 толоб 5-тои он ба манзури ҳифозат ва истифодаи маъқул аз онҳо, ба феҳристи конвенсиюни Ромсар (шаҳр дар шимоли Ирон) шомил карда шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чаҳоршанбе.
Хайрулло Ибодзода, раиси кумитаи ҳифозати муҳитзисти вобаста ба ҳукумати ҶТ дар Душанбе дар семинори байналмилалии “Ибтикори аъмали Ромсар дар минтақаи Осиёи Марказӣ” изҳор кардааст, ки дар Тоҷикистон 12 толоб вуҷуд дорад ва аз ин ҷумла, 5 толоби кишвар ба далели аҳаммияти миллӣ ва ҷаҳонӣ ба конвенсиюни Ромсар шомил карда шудааст.
Ӯ бо таъкид бар аҳаммияти  ҳифозати толобҳо, пешниҳод кард, ки дар Тоҷикистон маркази минтақаии конвенсиюни Ромсар иҷод шавад.
Дар семинор мутахассисони аърсаи ҳифозати муҳитзисти Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат карданд, ки масъалаи иҷоди сохтори минтақаиро баррасӣ мекунанд, то барои беҳбуди умури конвенсиюни Ромсар дар минтақа мусоъидат кунанд.
Дар тадбир гуфта шуд, ки ҳудуди 60 дарсад аз манобеъи оби Осиёи Марказӣ (ОМ) аз Тоҷикистон сарчашма мегирад.
Ба ибтикори раисҷумҳури Тоҷикистон дар чаҳорчӯби қатъномаи Созмони милали муттаҳид (СММ) дар ду даҳа дар кулли кишварҳои минтақаи ОМ тадобири зиёди марбут ба масоили истифодаи об ва ҳамкории об баргузор мешавад.
Ҳамчунин, ибтикори аъмали минтақаии Ромсар низ идомаи мантиқии қатъномаи СММ дар масоили об мебошад.
Паймони байналмилалии Конвенсиюни Ромсар марбут ба толобҳои муҳимми байналмилалӣ, ба вижа толобҳои зистгоҳи парандагони обзӣ ва ҷонварону гиёҳони вобаста ба онҳо, рӯзи 2 феврали соли 1971 дар шаҳри Ромсари устони Мозандарон, воқеъ дар шимоли Ирон бо ҳузури намояндагони 18 кишвари ҷаҳон ба тасвиб расид. Вале дар ҳоли ҳозир 169 кишвари ҷаҳон уъзви ин паймони байналмилалии муҳитзистӣ мебошад.
Бино ба додаҳои расмии Ирон, конвенсиюни Ромсар дар сартосари ҷаҳон аз толобҳо, мурдобҳо, ботлоқҳо, лаҷанзорҳо ва обҳои табиъӣ, маснӯъӣ, доимӣ, муваққат, ширин, шӯр, талх, рокид ва ҷорӣ ва обҳои дарёҳое, ки беш аз 6 метр уъмқ надошта бошанд, ҳифозат мекунад.
Конвенсиюни Ромсар ҳамакнун 2186 толоб ба вусъати 200 миллион ҳекторро пӯшиш медиҳад.
Қобили зикр аст, ки Британиё бо 170 толоб бештарин теъдод ва Боливиё бо 140 ҳазор километри мураббаъ вусъат аз толобҳои худро таҳти пӯшиши ин паймон даровардаанд.
2 феврал (1971) рӯзи тасвиби конвенсиюни Ромсар Рӯзи ҷаҳонии толобҳо номгузорӣ шудааст.

Поделиться новостью: