Дар Алматӣ Ҳафтаи филми Ирон оғоз шуд

Дата: 00:35, 22-10-2014.

Алматӣ. 22 октябр. ТоҷикТА – Матлуба Шоҳаълӣ.  Ҳафтаи филми Ирон дар Қазоқистон дар синамотеатри Silk Way City-и шаҳри Алматӣ шоми дирӯз оғоз шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чаҳоршанбе.
Дар маросими гушоиши он Муҷтабо Дамирчилу, сафири Ҷумҳурии Исломии Ирон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, Асғар Собирӣ, раиси намояндагии фарҳангии (ройзанӣ) ҶИИ дар ҶҚ ва дигар масъулони сафорати Ирон дар шаҳрҳои Остона ва Алматӣ, ҳунармандони синамои Ирон ва Қазоқистон, устодон ва донишҷӯёни иронӣ ва қазоқ, хабарнигорони ҳар ду кишвар, ирониёни муқими Алматӣ ва куллан дӯстдорони забон ва фарҳанги Иронзамин гирдиҳам омаданд.
Гардонандагони ин барномаи фарҳангӣ ду тан аз духтарони донишҷӯи қазоқи бахши форсии донишгоҳи Алматӣ буданд.
Нахуст сурудҳои миллии ду кишвар навохта шуданд ва сипас ройзани фарҳангӣ Асғар Собирӣ, созмондиҳандаи аслии Ҳафтаи филми Ирон дар Қазоқистон бо хондани ин байти Фирдавсӣ ба суханронӣ пардохт:
Чу пурсид пурсандагон аз ҳунар,
Набояд посух бидиҳӣ аз гуҳар.
Собирӣ, аз ҷумла гуфт: Синамо, ки аз ҳунарҳои шинохташудаи даврони муъосири мост, метавонад барои сулҳу оромиш ва шодиву нишоти ҷомеъа нақши муҳимме ийфо кунад.
Вай изҳори умедворӣ кард, ки баргузории ҳафтаи филми Ирон дар Алматӣ, ҳам муъаррифи синамо ва фарҳанги иронӣ ва ҳам мӯҷиби ошноии бештари ду миллати бузург – Ирон ва Қазоқистон бошад.
Сафир Муҷтабо Дамирчилу низ зимни суханронӣ бо баёни ин ки таи чанд моҳи фаъолияташ дар ин кишвар китобу матолиби зиёде дар бораи Қазоқистон мутолиъа карда ва чанд филми “Қазоқфилм”-ро тамошо кардааст, гуфт: Як филм баёнкунандаи мафҳуми иттилоъот ва огоҳиҳои арзишманд аз як ҷомеъа, аз як кишвар, аз як фарҳанг ва аз як миллат аст. Синамои Ирон дорои ҷойгоҳ, сабк ва мақоми бисёр мумтоз ва хосси худаш дар ҷаҳон аст ва ин барои фарҳангдӯстон ва муртабитини ин аърса комилан ошност.
М. Дамирчилу таъкид кард, ки филмҳои иронӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ дар озмунҳои байналмилалии бисёре ҳузури фаъол дорад ва дарёфти ҷоизаҳои “Оскар”, “Хирси тиллоӣ”-и ҷашнвораи Берлин ва “Шери тиллоӣ”-и ҷашнвораи Венесия аз дастовардҳои муҳимми синамогарони иронист.
Дар ин маросим Сергей Азимов, коргардон, таҳиягари Қазоқистон ва раиси собиқи “Қазоқфилм” бо ишора ба фарҳанги бузурги Ирон ва забони форсӣ, чунин гуфт: Ман замоне, ки навҷавон будам, манзумаи “Рустами Дастон”-и Турмағамбет Изтилеуов, шоъир ва тарҷумони қазоқро бо аълоқамандии фаровон мутолиъа кардам ва ифтихор доштам, ки сарзамини қазоқ чунин гурдони ялро парваридааст. Ман он замон хабар надоштам, ки достони “Рустами Дастон” сурудаи Фирдавсии бузург аст ва бахше аз “Шоҳнома”-и безаволи ӯст. Турмағамбет Изтилеуов дар авоили садаи бист дар мадрасаи “Кӯкалдош”-и Бухорои шариф  ҳамсабақи устод Садриддин Айнӣ, адиб, шоъир, донишманди маъруф ва бунёнгузори адабиёти нави Тоҷикистон будааст ва ӯ буд, ки шарикдарси қазоқашро ба тарҷимаи “Шоҳнома” раҳнамоӣ ва ҳидоят кардааст.  Азимов дар поёни суханронӣ таъкид кард, ки  фарҳанги Ирон бузург ва дорои асолат аст ва чӣ хуб, ки мардуми Ирон тавонистаанд ин фарҳангро ҳифз кунанд ва бидуни осеб парвариш диҳанд.
Дар нахустин шаби ҳафтаи филми Ирон дар шаҳри Алматӣ филми “Истирдод”(соли 2011) ба коргардонии Аълии Ғаффорӣ ба намоиш гузошта шуд. Ин филми таърихӣ аз ҳаводиси ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ва аз мушкилоти Ирон ношӣ аз даст ёфтани нерӯҳои рус, инглис ва омрикоӣ ба қаламрави Ирон ва ба таври уъмда, аз раванд ва аъвоқиби рухдоди ҷуброни хисорат ба маблағи 11 ҳазор тонна шимши тилло дар соли 1953 ҳикоят мекунад. Филми “Истирдод” дар Ирон ва Русия, ба хусус дар Теҳрон ва Маскав наворбардорӣ шудааст.
Ин филми форсӣ бо титри русӣ мавриди писанди бештари тамошогарон дар Алматӣ қарор гирифт.
Ҳафтаи филми иронӣ дар синамои Silk Way City-и шаҳри Алматӣ то 25 октябр - баробар бо 3 обонмоҳ идома хоҳад ёфт.
Ҳар шаб соъати 19:00 як филми иронӣ ба сурати ройгон ба намоиш гузошта мешавад.
Хотирнишон мекунем, ки Ҳамид Фаррухнажод, бозигари номовари иронӣ барои иҷрои нақши аслии мард дар филми “Истирдод”,  ду соли пеш дар ҷашнвораи байналмилалии филми “Фаҷр”-и Ирон барандаи ҷоизаи “Симурғи булӯрин” гардид.

Поделиться новостью: